четверг, 3 апреля 2008 г.

Дарси кушод дар синфи 10

Дарси кушод дар синфи 10а
Мавзуъ:Инсон ва хукуку озодихои у дар ашъори Рудаки
Муаллима Бедилова Фируза. Омузгори мактаби№1 ш Сарбанд.


Муаллим- Инсон ва хукуку озодихои инсон аз давраи кадим дар мадди назари олимону мутафакирон буда,дар замони хозира хамчун арзиши оли хисобида мешавад.Инсон аз кадим барои хукуку озодихояш мубориза мебурд.Дар чомеаи имруза махсусан дар Чумхурии Точикистон инсон аз хама воломаком шуморида шуда,химояи хамаи хукуку озодихояшро давлат ба ухда дорад.
Ин орзуи деринаи инсонхо мебошад.
Точикистон рохи ташкили давлати демокративу хукукбунёд ва ичтимоиро пеш гирифтааст,ки дар моддаи 1-и Конститутсия тахким бахшида щудааст.Вазифаи чунин давлат таъмини сатхи шоиста зиндаги ва рушди озодонаи инсон ,хифзи хукукхои вай нигаронида шудааст.ба чунин руз ва чунин зиндаги расиданро ачдодони гузаштаи мо орзу карда ,дар асархояшон васф мекарданд.
Мохира- Асосгузори адабиёти классики форсу точик Абуабдуллохи
Рудаки дар бораи хукук ва озодихои инсон панду андарзхои зиёде гуфтааст.
Ашъори устодро асосан мавзуи инсон ташкил медихад .Инсони покдилу покмаксад,муборизу халкпарвар,мехрубону мададгор ва зебо.
Саломат- Дар сурудахои Рудаки инсон воломаком аст.Инсон чун Рафику хамдам шарикигаму шодихо,баназм оварда шудааст.

Хеч шоди нест андар ин чахон ,
Бартар аз дидори руи дустон .
Хеч талхи нест дар дил талхтар,
Аз фироки дустони пурхунар.

Соира- Сифатхои олии инсони ба монанди мардонаги, каноатпешаги,накукори,рахму шавкат ва бофарханги дар эчодиёти устод Рудаки тагибу ташвик мешаванд.

Бо дода каноат кунубо дод бизи,
Дар банди такалуф наваш озод бизи.
Дар бех зи худе назар макун гуса махур,
Дар ком зи худе назар куну шод бизи.

Дилшод- Ситоиши инсон ва эхтироми у дар ашъори шоир мавкеи бузург дорад.Шоири башардуст харгиз намехохад,ки хоре ба пое халад ва озар бинад,хуни инсон рехта шавад.
Бо акидаи устод тахрики инсон,катли у гунохест набахшидани назди Худованд.

Чун тег ба даст ори,мардум наватон кушт
Наздики худованд бади нест фаромушт

Сарандуз- Хар,ки ба рехтани хуни инсон даст зад чазои сазовор хохад гирифт.

Гуфти, ки Киро кушти то кушта шуди зор,
То боз ки уро бикушад,он ки туро кушт.

Шахноза- Ин арчгузории инсон имруз ба меъёрхои олии башардустонаи баёналхалки мутобик аст.Дар давлатхои демократи чахон чазои пеш аз хама нисбати онхое раво дида мешавад,ки хуни инсон рехтанд ва инсонро тахкир намуданд.
Чонона- Дар панду андарзхои устод ки ба хукуку озоздихои инсон бахшида шудаанд тамоми инсонхоро ,новобаста аз вазъи ичтимоию
Камбудии чисмони ,дар як сатх гузоштааст.Марди ва чавонмардиро ба шахсони мансуб донистааст,ки дасти маъюбону ятимонро гирифта онхоро чун инсони комил эътироф мекунанд.

Гар бар сари нафси худ амири марди
Бар куру кар ар нукта нагири марди
Марди набувад фитодаро пой задан
Гар дасти фитодае бигири марди.
Амирхонов- Акидахои устод Рудаки бештар чамбахои хукукхои ичтимоии инсонро дарбар гирифта,омилхои ичтимоии хифзи хукукхои барчомондаги ва пиронсолон таъкид шудааст.
Салимов- Касидаи шикоят аз пирии шоир шаходати ин гуфтахо мебошад.Уаз рузгори пири хамчун даврони нотавонии инсон мушохида намуда,зарурати нигохубин ва хифзи хукукхои инсонро
дар ин даврон баён намудааст.

1 комментарий:

Ibrahim комментирует...

Салом муаллима,

Шуморо бо кушодани чунин сомонаи таълимӣ табрик мекунам!

Чӣ хел дар дарси ҳуқуқ ё таърих копютерро истифода бурдан мумкин аст? Шояд ягон усули нави таълим бо истифодаи технологияи муосир бошад ва дар яке аз дарсҳои кушоди худ метавонед маводеро аз Шабакаи Ҷаҳонии Интернет ё аз яке барномаҳои копрютерӣ ба монандаи Power Point истифода баред.

Саломат бошед!

Иброҳим