четверг, 3 апреля 2008 г.

Накшаи дарси кушод дар мавзуи ;

Накшаи дарси кушод дар мавзуи ;
Забон - асоси пойдори ва устувории давлат ;

Муаллим – Устодон ва хонандагони азиз бо карори созмони байналмиллалии ЮНЕСКО имсол соли забон эълон шудааст . Дар Точикистони азиз мо низ бо пешниходи Президенти мамлакатамон Эмомали Рахмон имсол соли забони точики эълон шудааст . Имруз чамъ омадани мо низ махсусияти хос дорад . Чи хеле ки дар боло кайд кардем ЮНЕСКО чонибдори бисёрзабони ва махз бо ташабусси вай дар Созмони Миллали Мутахид дар бораи кайд кардани рузи умумичахонии забони модари аз 21 – феврали соли 2001 карор кабул кард . Аз хамон сол сар карда дар саросари чахон имруз хамчун рузи забони модари кайд карда мешавад.
Ташабусси ЮНЕСКО оид ба дастгирии гуногунзабони ба яке аз самтхои афзалиятноки фаолияти вай химояи мероси гайримодди чавобгу аст . Дар чахон 7 –то 8 хазор забонхо мавчуд буданд . Имруз ин сарват хеле кам шудааст . Забоншиносон кушиш доранд ин бойгарии мазкурро барои наслхои оянда нигох доранд . Забон кисми чудонашавандаи мероси гайримоддии инсон аст . Агар ба назар гирем , ки забонхо на танхо тавлид мешаванду инкишоф меёбанд балки инчунин мешуморанд . Мо бояд хамаи тадбирхоро бинем , забонамонро хифз намоем ва онро пос дорем .
Акнун навбатро ба хонандагон медихем . Онхо дар мавзуи ; Забон –асоси пойдори ва устувории давлату миллат мебошад ; барномаро тайёр карданд , ки пешкашатон менамоянд .

ХОНАНДАИ -1
Имрузхо дар саросари чумхуриямон бахшида ба соли забони точики ва бузургдошти Абуабдуллохи Рудаки чорабинихо гузашта истодааст . Дар якчояги чашни гирифтанаи ин ду санаи бузурги фарханги бесабаб нест , зеро аввалин гуянда ва сарояндаи забони Дарии точики устод Рудаки буд . Сурудхо ва шеърхои Рудаки забони моро боз зебову гуворо гардонидааст .

Чу шеъри Рудаки зебост
Чу мусики фарохафзост
Дар олам аз хам ширин
Забони модарии мост .

ХОНАНДАИ -2 Забони Рудакию Саъдии мо
Камолу Чомии баъдии мо
Дари буду дари эчод карданд
Бинои шеъри мо бунёд карданд


ХОНАНДАИ -3 Забони халки мо лафзи дари аст
Ба точики забони модари аст
Хар он ки дуст дорад давлати худ
Биомузад забони миллати худ

ХОНАНДАИ -4 Хар он к-у лутфи модарро писандад
Ба лафзи модариаш мехр бандад
Чу модар хеч фарде мехрубон нест
Мисоли у касе ширинзабон нест

ХАМА Асоси лахни мо, ки модари аст ,
Шабехи хониши кабки дари аст.

ХОНАНДАИ -5
Забони модарии мо яке аз мукаддасоти Милли ва яке аз рукнхои асосии давлатдории мо махз аз макоми давлати гирифтани забони точики сарчашма гирифтааст .

ХОНАНДАИ -6
22-июни соли 1885 забони точики макоми давлати гирифт ва ин кадаме буд ба рохи истиклолият ин руз хамасола хамчун рузи забони точики дар чумхурииамон чашн гирифта мешавад ва яке аз идхои Милли мардуми точик ба шмор меравад .

ХОНАНДАИ -7
Моддаи дуюми Конститутсияи Чумхурии Точикистон ба забон бахшида шудааст, ки дар он гуфта мешавад .
- Забони Давлатии Точикистон забони точики мебошад.
Забони Руси хамчун забони муоширати байни миллатхо Мали мешавад . Халку миллатхое , ки дар худуди чумхури зиндаги мекунанд хак доранд аз забони модариашон озодона истифода баранд .

ХОНАНДАИ -8
Забони модарии мо иникоскунандаи илму фархангамон мебошад . Он яке аз забонхои кухантарин зеботарин ва ширинтарини дунё буда бо макому манзалати хеш дар чахон шухрат афтодааст


ХОНАНДАИ -9
Тавре ,ки аз таърих медонем лашкари Искандари Макдуни , ирдуи кутарбайди золим , сарбозони вахшиандоми Чингизхони золим ва даххо дигар сарлашкарони хомтамаъ ва бадному насаб сарзамини точиконро ба хун огушта карданд , китобхонахоро сузонданд , дукону корхона ва мактабу мадрасахоро ба хокистар табдил доданд вале бо вучуди ин забони модарии мардуми Моро аз байн бурда натавонистанд .

ХОНАНДАИ -10
Харчанд душманон нусхахои китоби мукаддаси ориёнажодон - ; Авесто; - ро оташ заданд вале насихати зардушти хуршедзамир - , Гуфтори нек , кирдори нек , афкори нек ва навиштачоди у дар бобати чорунсури пок – хок ,об хаво ва оташ аз хотири ачдодони мо фаромуш нашудааст.

ХОНАНДАИ -11
Ниёгони мо барои покии забон ва озодии макони точикон то катраи хуни охирин мубориза бурда кахрамонхои бемисл нишон доданд .

ХОНАНДАИ – 12
Давраи авали нашъунамои забони точики ба забони хукумронии амирони Сомони рост меояд . Ин давраро дар таърихи забон асри тиллои номидаанд .

ХОНАНДАИ -13
Пас аз сохибистикло гардидани Чумхурии Точикистон Якчанд калимахо ба маънои аслии худ омадаанд ва чои калимахои иктибосиро танг намуданд .

ХОНАНДАИ -14
Холо хам дар байни мардуми мо махсусан чавонон нафароне хастанд , ки ба талафузи баъзе калимахо гайри точики забони зебои Моро олуда месозанд .

ХОНАНДАИ -15
Холо сахнаеро пешкашатон мегардонем ба ин мавзуъ бахшида шудааст . Дар сахна ду нафар хатмкунанданони мактаби миёна , ки барои хучатсупори ба мактаби Оли омадаанд . Саволу чавоби онхо чунин сурат мегирад.
- Чура , хами инистути андозаш чодай
- Чизе
- Мегум, институти андоз чодай?
- Ин хел институташ хам хам-ми?
- Чум дар рох як духта хамиша гуфт.
- Калон буд ё хурд.
- На катаву на майда средни буд.
- О-хо зураш буд-ку.
- Э, братан, ага у зур мебуд, ба мара номи институтша галат мегуфт?
- Хайр, утокчон, чизе номус. Маълум, ки у касаи аз ин институт бехабаранд.
- Худум-чи?
- Ман медонуму лекин кадомаш пеш бошад: хукук ё андоз?
- Ба фикри ма андоз бояд пеш бошад.
- Хому тухуку мабодо.
- Чи мабодо?
- Раваду хукукаш пештар бошад- мегум.
- Ту чо мерай.
- Ма хам хаму чо.
- Э, чонта садка, и вохури хуб шавковар шид-а?
Ку биё, бо хам брем.
- Майлаш, дукаса бравем, боз хубтар.
- гуён дасти хамро гирифта аз сахна мебароянд.
ХОНАНДАИ-15
Дар эчодиёти адибони мо васфи забон макоми хос дорад. Устодони каломи бадеъ ба ворисон таъкид намуданд, ки барои бештар омухтани забони модарии хеш саъю кушиш намоянд. Онхо бештар хонанд ва забонро аз гуфтахои нохуб нигох доранд.

ХОНАНДАИ-16
Устод Рудаки фармудааст.
Замона панде озодвор дод маро
Замона чун нигари сар ба сар хамонандаст
Бе рузи неки касон-гуфт гам махур зинхор
Басо касо ки ба рузи ту орзуманд аст
Замона гуфт маро хашми хеш дар нигох
Киро забон бад аст пой дар банд аст.

ХОНАНДАИ-17
Абулкосим Ф. нанд медихад
Хар он кас ки дониш фаромуш кунад
Забонро зи гуфтор хомуш кунад.

ХОНАНДАИ-18
Аз Камолидидини Бинои
Хам забонро фосахо аз илм аст
Хам баёнро малохат аз илм аст.

ХОНАНДАИ-19
Муаллим дар охир гуфтахои шоири ширинкалом Хайрандешро пешкашат мегардед. Шоир дар шеъраш ба хукукхое ки дар Точикистон кору зиндаги мекунанд таъкид мекунад, ки барои зиндаю човидон мондани забони точики сахи гузаранд.

ГУЛЧАХОН-
Ту эй точик, точи чумла инсон
Машав кохил машав чохил бад инсон
Зи конуни забон то кай харсол
Хар сол дар заминхои Хуросон
Ту коре кун, ки бошад зинда чун чон
Забони точики дар Точикистон.

Мавлуда- ту эй узбек, бо мо хамкарини
Ту хам осуда дар ин сарзамини
Илохи хеч хориро набини
Ки бо мо хамчабору хамнишини
Ту коре кун, ки бошад зинда чун чон
Забони точики дар Точикистон.

Насима- Ту эй рус, эй саодатманди миллат
Ту эй халки бо фархангу фазилат
Намебини дар ин чо зиллат
Забони мо надорад хеч миллат
Ту коре кун, ки бошад зинда чун чон
Забони точики дар Точикистон.

Иброхим- Ту эй дар Точикистон миллати хурд
Ягон точик зинхораш наозурд
Гули фазлат наафсуруду напажмурд
Ту андар Точикистон мекуни бурд
Ту коре кун, ки бошад зинда чун чон
Забони точики дар Точикистон.

Бибиоиша- Ту эй чини,ки таърихат кадим аст
Нуфусаш бешумор азмаш азим аст
Худои мехрубон бар рохи мо аст
Ки бо хамсоя хамкори мухим аст
Ту коре кун, ки бошад зинда чун чон
Забони точики дар Точикистон.

Курбонали- Забони англис эй кони гавхар
Забони сабз дар сад марзу кишвар
Бо ту моил хама дуне саросар
Ба ту коил хама дуне саросар
Ту коре кун, ки бошад зинда чун чон
Забони точики дар Точикистон.

Адолат- Ту эй турке,ки рох бунёд кардед
Саломат бош маро ёд карди,
Чи мактабхои нав бунёд карди
Агар афтодаем , имдод карди
Ту коре кун, ки бошад зинда чун чон
Забони точики дар Точикистон.

Даврон- Ту эй Эронии сохибтафаккул
Хабиби хамзабон,хамчону хамхун
Хамин будааст хуни чархи гардун
Ту бар мо шефта мо бар ту мафтун
Ту коре кун, ки бошад зинда чун чон
Забони точики дар Точикистон.

Шахноза- Дари,эй лафзу аз Панч он тараф сабз
Дари ширинтарину бошараф сабз
Дари монанд аст бо садхо талаф саб
Дари, эй чон ба чону саф ба саф сабз
Ту коре кун, ки бошад зинда чун чон
Забони точики дар Точикистон.
Сафар Ту эй точик бингар ин чахонро
Фуруги офтоби Ориёнро
Шинос Эмомалии Кахрамонро
Бикун татбик конуни забонро


ХАМА - Ту коре кун, ки бошад зинда чун чон
Забони точики дар Точикистон.

1 комментарий:

lefobserver комментирует...

HI FROM GREECE.
PLEASE,
CAN YOU ENTER IN MY BLOG IN ORDER TO TAKE THE FLAG OF TATZIKISTAN AND IT IS WRITTEN IN MY MAP OF VISITORS?
THANK YOU.
lefobserver.blogspot.com